Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 466 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2022

Ҳамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Нахуст ҳамаи Шуморо аз номи Раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки имсол 28-умин солгардаш таҷлил карда мешавад, табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти омӯзгорию донишҷӯиатон барору комёбӣ орзумандам.

Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо хушбахттарин нафароне ҳастем, ки таҳти роҳбарии оқилонаю хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои ба созандагию бунёдкорӣ равонакунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва оромию осудагии  Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол кору фаъолият намуда истодаем. 

Ватани азизи мо-Тоҷикистон, ки ду моҳ пеш 31-солагии Истиқлолияти давлатии он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбию дастовардҳои беназир ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва демократию дунявӣ обрӯю нуфузи зиёдро ноил гашт.

Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлати соҳибистиқлол доштани Конститутсияи мукаммал ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, зарур буд, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ Конститутсия ва рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлол қабул гардида, дар мамлакат ислоҳотҳои амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда шаванд ва фаъолияти муназзаму муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шудааст, яке аз дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, он таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт.

Дар ин хусус, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: “Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад”.

Хушбахтона, Ватани маҳбубамон-Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдор дорад. Тибқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ, Конститутсияи Тоҷикистон яке аз мукаммалтарин конститутсияҳои ҷаҳони муосир буда, дар шумори панҷ конститутсияҳои беҳтарини дунё шомил мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешрафти мамлакатро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд муайян карда, тамоми орзуву ормон ва ҳуввияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагии босаодати ҳар шахс заминаи мусоидро фароҳам овард.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, дар ташаккули мазмун ва меъёрҳо, инчунин дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои он саҳми Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, воқеан ҳам дар пешрафту шукуфоии мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши калидӣ дорад.

Бо дарназардошти зарурӣ ва бо мақсади ба талаботи рушди ҷомеа мувофиқ гардонидани воқеияти ҳаёти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ карда шуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ҷумла, 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи сол 2016 бо роҳи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид гардиданд. Тағйиру иловаҳои воридкардашуда барои ҳифзи манфиатҳои миллат, давлати Тоҷикистон ва таъмину амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароитҳои арзандаро ба миён оварданд.   

Боварии комил дорем, ки бахтномаи миллати тоҷик дар роҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, шукуфоӣ ва обрӯю эътибори кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ, асрҳои аср хизмат хоҳад кард.

Бори дигар Рӯзи Конститутсияи ҷумҳуриро ба ҳамаатон мубарокбод мегӯям!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top