Конститутсия - дастоварди муҳимми ҳуқуқии халқи тоҷик

Бинанда: 507 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2022

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои муҳимми ҳаёти сиёсии кишвар нақши аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Дар таҷрибаи давлатдории миллӣ бори нахуст бо тариқи райъпурсии умуми – халқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.

Конститутсия якчанд хусусият дорад, ки бо назардошти онҳо ҳамчун қонуни асосии давлат тавонист тамоми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятиву давлатиро дар худ ҷой дода, ба низом дарорад:

1.Конститутсияи эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Барои он Конститутсияиро дар низоми қонунгузорӣ санади олии ҳуқуқӣ мегӯянд, ки дар моддаи 10-уми он муқаррар гардидааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин меъёр бармеояд, ки тамоми қонунҳое, ки қабул мегарданд бояд мувофиқи Конститутсия бошанд, яъне Конститутсияи дар саргаҳи эҷоди тамоми санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ истода, ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул мегарданд, ки ин хислати эътибори олии меъёрҳои Конститутсияро шаҳодат медиҳад;

  1. Конститутсия халқро сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Дар моддаи 6-уми он муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Аз меъёри зикргардида бармеояд, ки мувофиқи Конститутсия ҳокимият ба халқ тааллуқ дошта, халқро сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Бевосита тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ба халқ аз хислати демократии ин санади муҳимми миллату давлат гувоҳӣ медиҳад;
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назарияи ҳуқуқи фитрии инсонро эътироф намуд, ки дар даврони шӯравӣ он эътироф намегардид. Дар ин росто дар моддаи 5-уми Конститутсия муқаррар гардид, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бинед, ки дар ин ҷо калимаи муқаррар кардан нест. Яъне ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ табиатан ба инсон тааллуқ дошта, давлат онҳоро эътироф риоя ва ҳифз менамояд. Ба ғайр аз ин, аз муқаррароти мазкур бармеояд, ки олитарин арзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия инсон мебошад, ки ин хислати инсонмеҳварии Конститутсияро ифода менамояд;
  3. Конститутсия озодии фаъолияти соҳибкориро кафолат дада, дар моддаи 12 муқаррар намудааст, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. То қабул шудани конститутсияи амалкунанда дар замони шӯравӣ озодии фаъолияти иқтисодӣ ва моликияти хусусӣ маҳкум мегардиданд. Шахс танҳо соҳиби моликияте шуда метавонист, ки барои эҳтиёҷоти шахсиаш зарур буд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ пурра кафолат дода шуд, ки ин яке аз хусусияти хоси Конститутсия мебошад. Дар ин замина дар моддаи 32-уми Конститутсия муайян карда шуд, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ин заминаи конститутсионӣ барои пешрафти ҳаёти иқтисодии ҷомеа ва давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт;
  4. Хусусияти дигари Конститутсия дар он аст, ки ба шаҳрвандон доираи зиёди ҳуқуқҳоро дода, вазифаҳои ангуштшуморро дар назди онҳо гузоштааст. Яъне калонтарин боби Конститутсия – боби 2-юми он мебошад, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Боби мазкур аз моддаи 14 оғоз гардида, бо моддаи 47 анҷом миёбад. Аз 34 моддаи ин боб ҳамаги 4 моддаи он ба вазифаҳои шаҳрвандон тааллуқ дошта, 30 моддаи дигараш ба ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд. Таҳлили ҳолати мазкур гувоҳи он аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин конститутсияи кафолати ҳуқуқу озодии инсон аст;
  5. Яке аз хусусиятҳои волои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки хислати иҷтимоӣ дошта, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор медиҳад. Инчунин, мувофиқи моддаи 39-уми Конститутсия ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст, кафолат ба таъминоти иҷтимоӣ дорад;
  6. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хислати инсондӯстона дорад, ки ин бевосита аз меъёрҳои он бармеояд. Мисол, мувофиқи моддаи 20-ми Конститутсия қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад. Меъёри мазкур бевосита аз моҳияти инсондӯстона доштани Конститутсия шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар масъалаҳои ҳаётан муҳимро танзим намуда, хислати демократӣ дошта, адолату бароробарӣ ва озодӣ дар он нуҳуфтааст. Агар Конститутсияи ИМА куҳантарин конститутсия бошад, Конститутсияи Мексика конститутсияи абадӣ эълон шуда бошад, Конститутсияи Ҳиндустон калонтарин конститутсияи дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷм бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсияи кафолати ҳуқуқу озодии инсон аст.

Алиев Фаррух Шарифович, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top