МИЗИ МУДАВВАР

Бинанда: 483 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2022

1 – уми ноябри соли 2022  дар донишгоҳ бо кӯшиши кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Истеҳсолу воридот ва содироти масолеҳи сохтмонӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуалим Ҳомидов ҳусни оҒоз бахшида, зикр намуд, ки солҳои охир иқтисоди Тоҷикистон босуръат тараққӣ карда, ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ тавсеа пайдо намуда истодаанд.

Сипас дотсенти кафедра Ғафур Расулов дар мавзӯи «Истеҳсол, воридот ва содироти масолеҳи сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар дар натиҷаи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи технологияҳои замонавии бепартов коркунанда, корбурди оқилонаи захираҳои дохилӣ ва татбиқи инноватсияю технологияҳои рақамӣ комёбиҳои калон ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2020 нисбат ба соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ 43 маротиба афзуда, 2298 ҳазор сомониро ташкил дод. Худи ҳамин сол тавлидоти семент ба 4223 ҳазор тонна ва содироти он ба 1313 ҳазор тонна расонида шуд, ки назар ба нишондиҳандаҳои соли 2000 мутаносибан 50 маротиба ва 1112 тонна зиёд аст.

Донишҷӯи курси чорум Н. Сафаров, ки дар доираи ҳамкориҳои  донишгоҳҳои Тоҷикистону Корея дар ин кишвар таҳсил карда буд, дар бораи низоми истеҳсол  ва содироти семент дар корхонаҳои Ҷумҳурии Корея ба ҳозирин маълумот дод. Инчунин, донишҷӯёни аълохон ва фаъол  Я. Нодиров, М. Қурбонзода ва Ф. Ҷалилов доир ба таҷрибаи истеҳсол ва содироти масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ доктори илмҳои иқтисодӣ П.Хоҷаев, дотсентон Ғ. Ҳомидзода ва А. Акбаров зимни музокира  доир ба самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ибрози андеша карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top