Вохӯрии судманд

Бинанда: 479 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2022

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 1 – уми ноябри соли равон дар доираи Стратегияи муқовимат ба экстремизим ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 прокурори калони раёсати Прокуратураи генералии кишвар Ҷонибек Назарзода бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор намуд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев оғоз намуда, зикр кард, ки ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавии ҷавонон мусоидат менамоянд.

Сипас Ҷонибек Назарзода доир ба нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, стратегияи дар боло зикршуда, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар масоили муҳим суханронӣ кард ва ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top