МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Бинанда: 476 | Санаи нашр: 27 Октябр 2022

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ ба муносибати ёдбуди Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академик Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич баргузории Мизи мудаввари фосилавиро дар мавзӯиКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили мубрами рушди давлатдории миллӣба нақша гирифтаанд. 

Санаи баргузорӣ:  10 ноябри соли 2022, соати 09.00. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.

Ба Мизи мудаввар олимони ҳуқуқи соҳаи давлатшиносӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тахассусӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.

Барои иштирок дар чорабинӣ то 1 ноябри соли 2022 ирсоли дархост ба суроғаи ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзӯи баромад зарур мебошад.

Дар мавзӯи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: ЮКС-РС-22. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзӯи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди муҳлат ворид мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top