Семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ

Бинанда: 563 | Санаи нашр: 26 Октябр 2022

Имрӯз (26.10.2022) дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи “Амсилаҳои риёзии рушди иқтисодиёти рақамӣ” семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар семинар сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳамитов М.С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшударо дар замони муосир таъкид намуд.

Сипас мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ Шамсов Ф.Т., номзади илмҳои иқтисодӣ Тӯлиев М.С., дотсентони кафедра Салимов Н. С. ва Зайниддинов С. дар мавзӯъҳои “Амсилаҳои риёзии рушди иқтисоди рақамӣ”, “Амсилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ”, “Низоми электронии гардиши ҳуҷҷатгузорӣ” ва “Масъалаҳои автоматикунонии раванди таълим” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Инчунин, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамов Ф.М. зимни музокира дар доираи мавзӯи зикргардида фикрҳои судманд баён намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top