Тавсеаи ҳамкориҳо бо Бонки Эсхата

Бинанда: 482 | Санаи нашр: 25 Октябр 2022

25 – уми октябри соли равон дар донишгоҳ бо кӯшиши шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, кафедраҳои фаъолияти бонкӣ, молия ва қарз директори филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фирӯза Шомирзоева ва мутахассисони ҳамин бонк бо донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои молия ва фаъолияти бонкӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Семинарро  муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо бонки зикршуда, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ибрози андеша кард.

Сипас Фирӯза Шомирзоева доир ба кору фаъолияти филиали Бонки Эсхата, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хидматрасонии шоиста ба мизоҷон ва дигар масоили муҳим суханронӣ кард. Инчунин, аз ҷониби мутахассиси соҳаи фаъолияти бонкӣ Эҷода Раҷабова фаъолияти филиали бонки зикргардида рӯнамоӣ карда шуд.

Дар қисми хотимавии семинар Фирӯза Шомирзоева барои муайян кардани дониши молиявии донишҷӯён ба онҳо якчанд суол пешниҳод намуд ва посухҳои қонеъкунанда гирифт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top