Маҳфили илмӣ дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Бинанда: 477 | Санаи нашр: 24 Октябр 2022

Имрӯз (24.10.2022) бо саъю кӯшиши кафедраи фаъолияти гумрукии факултети иқтисодиёт ва тиҷорати донишгоҳ дар мавзӯи “Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ” маҳфили илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид, ки дар он майори хадамоти гумрук, сарнозири ташкили назорати гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хушрӯз Турсунов иштирок намуд.

Дар оғози маҳфил муовини декан оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ Лоиқ Бӯриев ва мудири кафедра, дотсент Суҳбатулло Ҳикматов доир ба муҳиммияти маҳфилҳои илмию таҳқиқотӣ, ҷалби донишҷӯёни фаъол ба корҳои илмӣ ва аҳаммияти таҳлилу баррасии мавзӯи зикршуда суханронӣ карданд.

Сипас Хушрӯз Турсунов ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси хадамоти гумрукӣ Меҳроби Саъдулло (роҳбари илмӣ: муаллими калон Раъно Ғаюрова) дар мавзӯъҳои “Тартиби истифодабарии “равзанаи ягона” дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва “Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карданд.

Инчунин, профессор Раҷаб Раҷабов ва декани факултет Саидмухтор Мухторзода зимни музокира доир ба мавзӯи матраҳшада фикрҳои судманд баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top