ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ

Бинанда: 606 | Санаи нашр: 24 Октябр 2022

22-юми октябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Рушди бозиҳои миллии варзишӣ-омили муҳимми шинохти миллат”  бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни  донишгоҳ  иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шабнам Раҳимзода баромад намуда, доир ба аҳаммияти бузурги истиқлолияти давлатии кишвар, иҷлосояи тақдирсози таърихӣ ва эҳёву рушди бозиҳои миллии варзишӣ суханронӣ карданд.

Сипас донишҷӯёни варзишкори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии Душанбешаҳр бозиҳои варзишии миллӣ, аз ҷумла бандкашӣ, шоҳмот, шашка, вазнбардорӣ, буҷулбозӣ, ланкабозӣ, чормағзбозиро ба ҳозирин намоиш доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Шабнам Раҳимзода аз номи кумитаи зикршуда ва Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар  фестивал ба донишгоҳ ва кафедраи тарбияи ҷисмонии он  сипоснома тақдим кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top