Даври якуми озмун

Бинанда: 484 | Санаи нашр: 20 Октябр 2022

20-уми октябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори  шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи раёсати корҳои тарбиявӣ даври якуми Озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!” ҷиҳати баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандон баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ иштирок доштанд

Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбия Дилоев Н.Ф. бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро бо мақсаду мароми озмуни зикргардида шинос намуд.

Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои: “Эҷоди шеъри беҳтарин”, “Иҷрои суруди беҳтарин” ва “Қироати шеъри беҳтарин” дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян карда шуданд ва онҳо ба даври ноҳиявии он роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top