Омилҳои рушди соҳибкории инфиродӣ

Бинанда: 449 | Санаи нашр: 19 Октябр 2022

18 – уми октябри соли равон дар донишгоҳ аз ҷониби кафедраи андоз ва суғурта дар мавзӯи “Андозбандӣ ва фаъолияти соҳибкории инфиродӣ” чорабинӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курси сеюми ихтисосхои андоз ва молия иштирок доштанд.

Чорабиниро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, и. в. дотсент Диловар Хоҷаев оғоз намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша кард.

Сипас муаллими калони кафедра Нигина Махсумова дар доираи мавзӯи зикршуда суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳояшро перомуни андозу андозбандӣ ва рушди соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард ва ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top