Семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ

Бинанда: 468 | Санаи нашр: 18 Октябр 2022

Имрӯз (18.10.2022) дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди илми назарияи иқтисодӣ дар шароити муосир” семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшударо дар замони муосир таъкид намуд.

Сипас профессори кафедра Исоматов Б. И., дотсент Юнусова М. М., мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Тӯйчиқулов З. Ҷ. ва дотсент Машокиров Ҷ. Н. дар мавзӯъҳои “Рушди илми назарияи иқтисодӣ”, “Моҳият, сохтор ва мутаносибии макроиқтисодӣ”, “Муҳиммияти тафаккури иқтисодӣ дар шароити муосир” ва “Асосҳои назариявию амалии баланд бардоштани меъёри сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Инчунин, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Зайнуддинов С. ва муаллими калони ҳамин кафедра Сангинов Ҳ. зимни музокира дар доираи мавзӯи зикргардида фикрҳои судманд баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top