Меҳргон – ҷашни файзу баракат

Бинанда: 490 | Санаи нашр: 17 Октябр 2022

15-уми октябри соли равон дар донишгоҳ ба муносибати Иди Меҳргон бо ибтикори шуъбаи фарҳанг ва  садорати факултети молия ва қарз таҳти унвони “Меҳргон – ҷашни файзу баракат” чорабинӣ баргузор гардид

Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Дилоев Н.Ф. доир ба таърихи пайдоиши Меҳргон андешаронӣ намуда, зикр кард, ки нақшу саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну маросими  ниёгонамон, аз қабили Наврӯзу Меҳргон ва Садаву Тиргон бениҳоят бузург аст.

Сипас муовини декан оид ба тарбия Н. Марупова дар мавзӯи “Меҳргон-ҷашни ниёгон”, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 25010403 Содиқов Н. дар мавзӯи “Ойинҳои хосси Иди Меҳргон” ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 25010403 Холиқов А. дар мавзӯи “Адибон дар ситоиши Меҳргон” бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд. Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 25010402 Қурбонова Г. бахшида ба ин иди бузург шеър хонд ва хотири аҳли толорро болида гардонид.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири шуъбаи фарҳанг Ҷамила Ғафурова зикр кард, ки раёсати донишгоҳ пайваста ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва зеҳнии донишҷӯён саъю кӯшиш менамояд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top