Дастоварди илмии олими ҷавон

Бинанда: 503 | Санаи нашр: 15 Октябр 2022

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сафи олимону муҳаққиқони ҷавон рӯ ба афзоиш аст. Кадрҳои илмии ояндадору донишманди ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои номзадиву доктории худро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.

Аз ҷумла, 13-уми октябри соли 2022 муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Раҷабов Олимхон Ҷӯрахонович дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили омории шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат дар минтақаҳои Тоҷикистон” бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Раҷабов Олимхон Ҷӯрахоновичро бо ин дастоварди илмиаш самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ ва омӯзгориаш барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top