РИСОЛАТИ МЕҲРГОН – ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА ВАҲДАТИ КУЛ

Бинанда: 509 | Санаи нашр: 14 Октябр 2022

Меҳргон калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози –гон сохта шудааст. Ин пасванд дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро низ ифода намуда, маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад.

Сарчашмаҳои таърихию адабӣ шаҳодат медиҳанд, ки моҳи аввали пойиз (рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ), номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки Офтоб дар бурҷи Мизон қарор дорад, ибтидои фасли тирамоҳ дониста мешавад. Эрониёни қадим ин рӯзро меҳр номидаву муборак шумурда, ид мекарданд.

 Ҷашни Меҳргонро дар тӯли таърих мардумони эронитабор ба мисли ҷашни Наврӯз гиромӣ дошта, онҳоро маъхазҳои қадимӣ ду қутби зиндагии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз оғози сол сар шуда, то фасли тирамоҳ анҷом мепазиранд.

Оид ба ин ойинҳои куҳан анъанае роиҷ будааст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон ҳамагуна намоишҳои идона, ки дорои рамзҳои ба худ хос буданд, байни дарбориён ва мардуми оддӣ меоростанд.

 Ҷашни Меҳргон бинобар ахбори бостоншиносону муаррихон таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Меҳргон ёдгори рӯзгорони гузашта ва шоҳиди ҳузури дерпойи ниёгони мо дар паҳнои таърих аст.

Дар тӯли қарнҳо чун суннати ниёгон баробари расидани фасли тирамоҳ ориёнажодон ойинҳоеро ба муносибати ҷамъоварии ҳосили кишту кор ба анҷом мерасонанд.

Рӯзи меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нону анвои зиёди аз зироати ҳамон сол рӯйида: дувоздаҳ навъи нон аз ҳафт навъи зироат: аз гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё, нахуд, мош пухташуда, найшакар (ё шакар), турунҷ (мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун), себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда) ва ангури сафед ва меваҳои гуногуни навхушккардашуда оро медоданд. Инчунин хӯрданиҳои маҳаллӣ ва шамъ, атриётҳо ба мисли гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

Шоҳону фармонравоёни гузашта, ҷашни Меҳргонро инчунин ба хотири он меписандиданд, ки чун ин фасли заррин хону хазинаи ононро низ ороста месохт. Дар ҳамин фасл буд, ки молиёт аз гӯшаву канор сарозер мегашт ва хазинаро маъмур месохт. Аз корҳое ки салотин дар ҳама давру замон дар Меҳргон мекарданд, ин буд, ки дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мекушуданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Фузалову шуароро боз хонда, базму маҳофили шод меоростанд, ба аҳли табъу завқ симу зар мебахшиданд. Ин расм садҳо сол пойбарҷо буд.

Мусиқии хосси меҳргонӣ аз ойинҳои дигари ин ҷашн ба шумор мерафт. Суруду навоҳое, ки дар рӯзи ҷашни Меҳргон суруда ё навохта мешуданд, лаҳнҳои мусиқии «меҳргонӣ» ном доштанд. Сурудан ва навохтани асбобҳои мусиқӣ таҳти лаҳнҳои меҳргонӣ дар гузашта, хеле маъмул гардида буд. Аҷдодони мо ҷашни Меҳргонро давоми шаш шабонарӯз бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ бо тантана мегузаронидаанд.

Ҳамзамон, устураҳо ва ривоятҳои зиёде ҳам ҳастанд ва ҳамаи онҳо  Меҳргонро  чун як маросими суннатӣ  донистаанд ва бо    далели  иртибот доштанаш ба табиату зуҳури Оламу Одам муҳтарам шуморидаанд.  Аз ин ҷост, ки ҷашни мондагор саршор аз меҳру ихлос ва бовариву  эътиқод ба оинҳои мардумӣ ва тамаддуни рангини миллати тоҷик ин Меҳргон ба шумор меравад. Ҳамон Меҳргоне, ки дар шакли вижа зуҳур карда асрҳо ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд. Ин ривоятҳо ва  фарзияҳои муаррихон бозгӯи онанд, ки Меҳргон чун ҷашни табиат ва офаридгор мондагор будааст ва ҳамин рисолати бузург будааст, ки он то замони мо поянда мондааст. Эҳёи тозаи он баъди ҳазорсолаҳо ба гуна хос гиромӣ мешуд, яъне он ҳаргиз аз ёдҳо ва рӯзгори мардум зудуда   танҳо дар даврони соҳибистиқлоии кишвар руҷуи тоза ихтиёр намуд.

Баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар кишвари мо имрӯзҳо эҳёи ана ҳамон суннату оинҳои Меҳргони аз ёдрафта мебошад, ки Истиқлолият ба мо додааст. Бо саъйю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ ҷой гирифт.

Эҳёи тозаи Меҳргон чун як фарҳанги тавлидсози файзу баракат, ободию зебоӣ ва беҳдошти зиндагии мардум аз самтҳои муҳими сиёсати имрӯзи  давлати соҳибистиқлоли мардуми тоҷик аст.

Нахустҳадафе, ки Меҳргон тавлид сохта буд, захираи ғизо барои фасли сармо буд, то мардум то фасли гармо, Наврӯз, бирасанд.

Меҳргон ба ҳар як хонавода хушҳолӣ, меҳру вафо ва осоишу ваҳдат ато мекунад, ки рисолати азалиаш файзу баракат ва  ваҳдати кул дар кору пайкори марди кишоварз аст.

Ҷамила Ғафурова Мудири шуъбаи фарҳанги донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top