Соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ

Бинанда: 497 | Санаи нашр: 14 Октябр 2022

14 – уми октябри соли 2022 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи соҳибкор бо саъю кӯшиши кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Соҳибкорӣ – омили муҳимми рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.

Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедра Толибов Қ., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Исматуллоев И., муаллими калони кафедра Амонов С. ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 25010705 Комилова Г. дар мавзӯъҳои “Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисоди миллӣ”, “Соҳибкорӣ ва хусусиятҳои асосии он”, “Соҳибкории истеҳсолӣ ва стратегияи рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастовардҳои соҳибкорони ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ва муносибатҳои озоди бозорӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Зимни музокира дар доираи мавзӯи матраҳгардида дотсент Назрулло Сангинов ва мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Комилҷон Алимов  низ фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top