Баланд бардоштани малакаи хатмкунандагон

Бинанда: 553 | Санаи нашр: 14 Октябр 2022

Маркази таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар Донишгоҳидавлатиитиҷорати Тоҷикистон дар якҷоги бо (АТМХТ) лоиҳаи «Рушди кишвар тавассути баланд бардоштани иқтидор ва имкониятҳои хатмкунандагон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

МАҚСАДИ ЛОИҲА: Баланд бардоштани малакаи хатмкунандагон, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, таҳия ва пешбурди механизму равишҳои нави таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо бозори меҳнат.

Шарикони асосии лоиҳа Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ мебошанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа, маркази таълимии АТМХТ барои омӯзгорони ДДТТ дар мавзӯъҳои зерин тренинг барои тренерҳо (ТОТ) баргузор намуд:

  1. коршиноси карзи;
  2. кассири ташкилоти ќарзї;
  3. фурӯшанда - машваратчӣ.

Мутахассисони маркази таълимии АТМХТ дар ин мавзӯъҳо се модулро таҳия намуда, барои таҳияи минбаъдаи нақшаву нақшаҳои таълимӣ ва ворид намудани ин фанҳо ба барномаи таълимӣ ба ДДТТ пешниҳод намуданд.

Муаллимоне, ки аз ТОТ гузаштаанд, дар якҷоягӣ бо тренерони лоиҳа барои муттаҳидсозии мавод барои донишҷӯёни ихтисосҳои дахлдор дарсҳои озмоишӣ гузарониданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top