АМАЛИСОЗИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Бинанда: 520 | Санаи нашр: 12 Октябр 2022

Имрӯз (12.10.2022) дар донишгоҳ бар асоси Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар мавзӯи “Амалисозии  сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022” чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбари Дастгоҳи марказии Итифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Ҳусейнзода ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шамс Ниёзов чорабиниро оғоз намуда, доир ба амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар ДДТТ, фаъолияти ҷавонони ин боргоҳи илму маърифат дар корҳои ҷамъиятӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва зиракии сиёсии ин қишри ҷомеа суханронӣ кард. 

Сипас Фаридун Ҳусейнзода низ фикру мулоҳизаҳояшро перомуни сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022 ва дигар масоили муҳим баён намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top