Ҳамин аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар заминаи Форуми мазкур миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус - Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П. О. Сухов, Донишгоҳи давлатии Городно ба номи Я. Купала ва Донишгоҳи давлатии лингвистикии Минск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар рафти Форум, инчунин, таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат хоҳанд кард.