Сармоягузорӣ ва иқтисоди миллӣ

Бинанда: 570 | Санаи нашр: 11 Октябр 2022

11-уми октябри соли равон тибқи Нақшаи чорабиниҳои таълимии раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва ибтикори кафедраи молияи факултети молия ва қарз мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси сеюми ихтисосҳои молия ва қарз ва кори бонкӣ иштирок намуданд.

Муовини декан оид ба таълим, доктор PhD, и.в. дотсент Фирӯз Ашӯров чорабиниро оғоз намуда, доир ба муҳиммияти мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.

Сипас муаллими калони кафедра Холаҳмади Сайалӣ дар доираи мавзӯи зикргардида ба таври муфассал суханронӣ карда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯён мавзӯи пешниҳодшударо бо шавқу завқи том шуниданд ва хоҳиш намуданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ бештар гузаронида шаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top