Ба ифтихори ду ҷашни бузург

Бинанда: 570 | Санаи нашр: 08 Октябр 2022

Имрӯз (08.10.2022) дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорат бо саъю кӯшиши кафедраи маркетинг, тиҷорат ва сервис ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони      “Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор” чорабинӣ баргузор гардид,  ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев бо сухани муқаддимавӣ баромад намуд.

Сипас шоири шинохтаи тоҷик Шаҳрияи Аҳтамзод перомуни мақоми омӯзгор ва забони тоҷикӣ ибрози андеша намуда, аз ашъори худ шеърҳо қироат кард.

Дар идомаи чорабинӣ муаллими калони кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 260203 Дагиева М. А. ва Фозилов М. А. дар мазӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор”, “Омӯзгор- раҳнамои зиндагӣ ” ва “Омӯзгор ва нақши мондагори ӯ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

Мудири кафедра Абдумалик Ҳакимов, профессори кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ Ҳамид Маҷидов ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов низ фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба мавзӯъҳои мавриди назар баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби садорати факултет ба   муаллими калони кафедра Абдураҳмон Ҳакимзода барои фаъолияти пурсамари омӯзгориву ҷамъиятӣ сипоснома ва як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва таҳсили хубу аъло ифтихорномаҳо супорида шуд.

Шуъбаи табъу нашр.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top