Эмомалии Нуралӣ дар чемпионати ҷаҳон

Бинанда: 600 | Санаи нашр: 07 Октябр 2022

6 – уми октябри соли равон дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз гардида, то 13 – уми октябр идома меёбад.

Дар ин чемпионат 563 варзишгар  (305 мард, 258 зан) аз 85 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон) неруозмоӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин сабқати ҷаҳонӣ 9  паҳлавони шинохта, аз ҷумла донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 240103 – и факултети менечмент ва ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ мекунад. Номбурда (дар  вазни то 66 кг)  дар даври якум озод буда, дар даври 2-юм бо варзишгари  кубагӣ – Орландо Поланко неру месанҷад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалии Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор шуда буд, маҳорату малакаи арзандаи варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардида, унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top