Ҳамкориҳои илмӣ вусъат меёбанд

Бинанда: 587 | Санаи нашр: 06 Октябр 2022

Чанде пеш яке аз олимони шинохтаи соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорат, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия  Черняков Михаил Константинович ба донишгоҳ ташриф овард. 

Михаил Черняков, ки солҳои охир бо олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои зичи илмӣ дорад,  бо ректори ин боргоҳи илму маърифат, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар мулоқот намуд ва доир ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи илмии ДДТТ ва Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ибрози андеша кард.

Мавсуф инчунин, дар доираи сафари худ барои донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва тиҷорат як дарси намунавӣ дар мавзӯи “Дӯстию бародарии халқҳои тоҷику рус” баргузор намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top