Арҷгузорӣ ба забони миллӣ

Бинанда: 563 | Санаи нашр: 06 Октябр 2022

Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон инсон арзишҳои маънавии хешро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.

Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Дар таърих маълум аст, ки халқи тоҷик аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани  забони адабии тоҷикӣ саъюу талош намуда,ҷиҳати рушди он зинаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Барои ҳамин ҳам забони тоҷикӣ шиносномаи миллати мо, рӯҳи поки гузаштагон ва оинаи осори ниёкон мебошад. Бояд ба ин забони зебои шоирона сидқан арҷ гузорем, ҳастии хешро ба он пайванд намоем ва  ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб намоем.

Дар робита ба ин, 5 –уми октябри соли 2022 дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи забонҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи муддавар дар мавзӯи “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳии муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз ёфт.

Сипас, мудири кафедраи забонҳо, дотсент Масъуд Қаҳҳоров, номзади илми филологӣ Бобишоҳи Насриддиниён ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101 Қурбонов Х. А. дар мавзӯъҳои “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Нақши истиқлолият дар рушди забони тоҷикӣ” ва “Язык главное богатство народа” бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуда, аз нақши беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ, бузургию тавоноӣ ва балоғату фасоҳати ин забони нобу шоирона ёдовар гардиданд.

Дар хотимаи мизи муддавар аз ҷониби донишҷӯёни фаъол дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карда шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top