Забони миллат – ҳастии миллат

Бинанда: 700 | Санаи нашр: 05 Октябр 2022

5-уми октябри соли 2022 аз ҷониби  факултети молия ва қарз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “ЗАБОНИ МИЛЛАТ ҲАСТИИ МИЛЛАТ” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев иштирок намуд.

Муовини декан оид ба таълим Фирӯз Ашӯров чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори  ин ҷашни фархунда шодбош гуфт.

Сипас муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта Максумова Н.Д. дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ - забони ягона ва умумии халқи тоҷик”, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 25010402 Қурбонова Г. дар мавзӯи “Забон рукни миллат” ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси зикршуда Қадамов Э. дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карда, фикру мулоҳизаҳояшонро дар хусуси рисолату нақши бузурги забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳимми истиқлоли сиёсиву фарҳангии кишвар иброз доштанд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи “Майдони Истиқлол” фаъолона иштирок карда буданд, бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top