Табрикоти раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 633 | Санаи нашр: 01 Октябр 2022

Муҳтарам омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён!

Мову шумо ва тамоми кормандони соҳаи маориф дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ қарор дорем. Аз ин хотир, ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашнҳо шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзу менамоем.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми тоҷик расму оинҳои беҳтарини қадимаи хешро, ки аз байн рафта буданд, аз нав эҳё карда, ҷашну маросим, санаҳои таърихӣ ва дигар арзишҳои миллиро дар сатҳи баланд таҷлил мекардагӣ шуд. Рӯзи омӯзгор (якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр) ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола (шурӯъ аз соли 2009) 5-уми октябр бошукуҳ ҷашн гирифта мешаванд, аз ҷумлаи чунин иду ҷашнҳо мебошад.

Дар ҳақиқат омӯзгорӣ пешаи заҳматталаб ва муқаддастарин касби рӯи олам аст ва мову шумо-омӯзгорони гиромӣ хушбахттарин нафароне ҳастем, ки ин касби пуршарафро интихоб карда, дар таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузошта истодаем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иброз доштанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад, вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад. Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст”.

Чунин баҳои сазовори Сарвари давлат ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон ҳар яки моро водор месозад, ки савияи донишу маҳорати касбиамонро боз ҳам баландтар бардошта, мутахассисонеро тайёр намоем, ки ҷавобгӯи талаботи давру замон бошанд.

Ҳамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни азиз, мақому манзалати муаллим, ки шахси пешқадамтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад, рӯз то рӯз баланд мегардад. Яъне ӯ ва касбашро, ки хеле боифтихор ва заҳматталаб аст, чи қадар ки ситоиш кунем, кам аст.

Бо ифтихор иброз медорам, ки нақши омӯзгор дар рушду такомули забони модарӣ низ беандоза назаррас аст.

Бешак, забон унсури асосию муҳимми ҳастии миллат ва бунёди давлати миллӣ шинохта мешавад. Аз ин лиҳоз, он ба мисли вожаҳои Ватан, Модар, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъкид намуданд, ки: “Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад”.

Боиси ифтихор аст, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди забони давлатӣ, таърихи ташаккули он таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаанд, ки Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ҳозирини гиромӣ, дар робита ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри ҳифз, риоя намудани меъёрҳои забони давлатӣ ва тозаю беолоиш нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Боварӣ дорам, ки шумо омӯзгорони муҳтарам дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва тақвияту таҳкими мақоми забони давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.

Бори дигар ҷашнҳои Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯем!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top