Таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ

Бинанда: 611 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2022

Имрӯз (30.09.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар кулли омӯзгорону кормандонро ба муносибати ин ду ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт ва доир ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, касби пуршарафи омӯзгорӣ, ақл, шараф, виҷдон ва симои ҷомеа будани омӯзгор, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, рушду такомули илму маорифи миллӣ, рукни муҳимми давлати миллӣ маҳсуб ёфтани забон, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва ҳифзу нигоҳдошти меъёрҳои он ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Дар идомаи ҷамъомад ректори донишгоҳ ба омӯзгорони фаъоли ин боргоҳи илму маърифат, ки дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саҳми шоиста гузоштаанд, нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро тақдим намуд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” бо номи “Забон омӯхт бар ман устодам”, ки аз суруду таронаҳо дар ситоиши омӯзгор ва забони давлатӣ иборат буданд, ба ҷамъомади тантанавӣ зебоиву таровати тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр     

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top