Дарси кушоди тарбиявӣ дар факултет

Бинанда: 603 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2022

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамасола 30 – юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз (29.09.2022) дар факултети молия ва қарз низ ба ифтихори ин ҷашни фархунда дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 25010402 фаъолона иштирок намуданд.

Донишҷӯи курси якуми ихтисоси мавриди назар Эҳсон Қадамов дарси кушоди тарбиявиро оғоз намуда, доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ сухан гуфт.

Сипас як гурӯҳ донишҷӯён аз асари “Маснавии маънавӣ” – и ин шоири бузург порчаҳои манзум қироат карданд.

Донишҷӯ Соҳибшоҳ Юнусов низ аз ин асари зикршуда қиссаи марғуберо ба ҳозирин нақл намуд.

Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон ва омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҳусейн Одинаев ба донишҷӯён барои баргузор намудани чунин як маҳфили хотирмон арзи сипос карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top