Ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ дар факултет

Бинанда: 593 | Санаи нашр: 22 Сентябр 2022

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҳамасола 22-юми сентябр бо баргузории вохӯриву маҳфилҳои илмиву адабӣ, ки дар он аҳли фарҳангу адаб фаъолона иштирок менамоянд,ҷашн гирифта мешавад.

22 – юми сентябри соли 2022 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ низ ба ифтихори ин ҷашни бузург семинари тарбиявӣ доир гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Семинарро декани факултет, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Рудакӣ табрик гуфт.

Сипас дотсенти кафедраи забонҳо Бобишоҳи Насриддиниён дар доираи мавзӯи “Рӯдакивор сухан бояд гуфт” перомуни фаъолияту хидмати мондагори ин шоири бузург дар рушду такомули шеъру адаби тоҷикиву форсӣ ибрози андеша кард.

Дар фарҷоми семинар сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Фарида Алимардонова аз осори шоир шеърҳо қироат кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top