Қадршиносии омӯзгорон ва волидайни донишҷӯён

Бинанда: 617 | Санаи нашр: 20 Сентябр 2022

Имрӯз (20.09.2022) тибқи нақшаи кории Шӯрои волидайни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар донишгоҳ бо иштироки аъзои раёсат ва волидайни донишҷӯён ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Фитрат Рустамов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, донишҷӯёни курси якумро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2022 – 2023 ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сипас муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов аз номи ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода ташрифи волидайни донишҷӯёнро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, доир ба масоили муҳимми имрӯза, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои сиёсӣ, таҳсили хубу аълои муҳассилин ва иштироки онҳо  дар озмунҳои сатҳи гуногун ибрози андеша кард.

Муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев низ доир ба корҳои тарбиявӣ, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Шӯрои волидайни донишгоҳ суханронӣ кард.

Дар фарҷоми ҷаласа аз номи раёсати донишгоҳ ба волидайни донишҷӯёне, ки фарзандонашон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори 31 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона иштирок намуда буданд, сипоснома супорида шуд.

Ба як гурӯҳ омӯзгорони факултет низ аз номи раёсати донишгоҳ ифтихорнома тақдим гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top