Вохӯрии судманд

Бинанда: 652 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2022

Имрӯз (16.09.2022) дар толори асосии донишгоҳ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон бо донишҷӯдухтарони факултетҳои молия ва қарз, иқтисодиёт ва тиҷорат вохӯрӣ баргузор намуда, дар доираи масъалаҳои муҳимми имрӯза, аз ҷумла 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи дастурамали Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати сару либоси миллии донишҷӯдухтарон ва дастрасии ин қишри ҷомеа ба касбу ҳунар суханронӣ карданд.

Дар идомаи вохӯрӣ мутахассис оид ба кор  бо донишҷӯдухтарон Шаҳло Сониева ва муовини декани факултети молия ва қарз оид ба тарбия Нигора Марупова низ доир ба масоили мавриди назар ибрози андеша карданд ва ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top