Баррасии масоили муҳим

Бинанда: 597 | Санаи нашр: 14 Сентябр 2022

14 – уми  сентябри соли 2022 дар толори асосии донишгоҳ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Хубони Сорбон бо донишҷӯдухтарони факултетҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, менеҷмен ва ҳуқуқи тиҷоратӣ вохӯрӣ доир карданд.

Хубони Сорбон дар ҳузури донишҷӯдухтарон доир ба 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи дастурамали Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати сару либоси милли донишҷӯдухтарон, пешгирии воридшавии ин қишри ҷомеа ба созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуданд.

Мутахассис оид ба кор  бо донишҷӯдухтарон Шаҳло Сониева, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Фарида Алимардонова ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Рӯзигул Султонова низ доир ба масоили матраҳшуда ибрози андеша карданд ва ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top