ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ, ДОТСЕНТ НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БАХШИДА БА 31 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 635 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2022

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи 31-умин солгарди он қарор дорем, самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатӣ, иқболу обрӯ ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Истиқлолият, ки ба шарофати он кишвари маҳбуби мо дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро пайдо намуда, таҳти сарварии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав қадамҳои устувор гузошта истодааст, тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Ба шарофати истиқлолият аксарияти давлатҳои дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилу соҳибистиқлол ба расмият шинохтанд ва бо он робитаву муносибати дипломатӣ доранд. Ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон шиносонд.

Аз ҷониби дигар истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки иншоотҳои бузурги замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф пеш равад ва рушд намоянд.

Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад”.

Боиси хурсандист, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-оинаи таърихи миллат” ва дигар чорабиниҳоро ба роҳ монданд.

Ҳамкасбони азиз, мову Шумо, ки аз ҷумлаи зиёиёни пешқадами ҷомеа ба ҳисоб меравем, вазифадорем, ки дар тарғибу ташвиқ ва татбиқи чорабиниҳои зикргардида саҳми босазо гузошта, дар ин самт ташаббускор бошем.

Ҳозирини гиромӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар ҷумҳурӣ пешоҳанги низоми кредитӣ маҳсуб меёбад, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, молшиносиву гумрук ва ҳуқуқро тайёр намудааст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ ва берун аз он содиқонаю софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Итминони комил дорам, ки Шумо-профессорону омӯзгорони арҷманд минбаъд низ дар самти таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ кӯшишу ғайрат ба харҷ дода, соли нави таҳсили 2022-2023-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамоед.

Бори дигар солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бароятон муборакбод мегӯям. Тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top