ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН

Бинанда: 5172 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2022

Боиси ифтихор аст, ки Ватани маҳбуби мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол сиву як сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо кишвари мо ва халқи баору номуси он бо сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури хуршеди Истиқлолият баҳравар аст ва ба туфайли ин дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.         

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ба орзую ормони деринаи худ расид ва имрӯз таҳти роҳбарии Сарвари муаззами миллат баҳри таҳким ва пойдории Истиқлолият ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни муҳимми Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки тақдири давлату қисмати миллати ба низои шаҳрвандӣ кашидаю, рӯ ба бесарусомонӣ овардаро ҳал намуда, дастоварди бузурги таърихӣ – Истиқлолияти соҳибшударо ҳифзу пойдор гардонд.

Якпорчагии кишвар таъмин, хавфи парокандашавии миллат барҳам ва Ҳукумати қонунӣ аз нав барқарор гардид. Дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудї наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон аз муҳимтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ аст, зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки Истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси худогоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Маҳз Истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиашро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ гардонад.

“Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”. Ин аст таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик.

Аз ин рӯ, бояд шукргузор бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Алалхусус, ҷавонони тоҷикро зарур аст, ки пайрави Сарвари худ бошанд, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣ намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳар як ҳаракати номатлуби пешомадаро пешгирӣ карда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Ҷамила ҒАФУРОВА,

мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top