СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОҲИБДИЛАМ

Бинанда: 626 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2022

Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат, Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат! Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ, Дар роҳи сулҳи миллат бо љанг љанг кардӣ. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Ҳақиқатан сулҳу ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз лињози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ҳоло ки мо дар остонаи чашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон қарор дорем, ҳамаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ, инчунин хонандагони литсейро ба ифтихори ин санаи муҳимми таърихӣ самимона муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша софу беғубор ва дар лабони хурду бузург ханда ҳувайдо бошад.

Г. МИСАЙНОВА, муовини директори литсей оид ба тарбия

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top