МИЛЛАТИ ТАМАДДУНОФАРУ СУЛҲПАРВАР

Бинанда: 693 | Санаи нашр: 07 Сентябр 2022

Дар тӯли солҳо оид ба мардуми тоҷик, ҳамчун миллати тамаддунофару сулҳпарвар, бисёре аз олимон ва муҳаққиқони хориҷӣ навиштаанд. Яке аз онҳо Моунтстуарт Элфинстон, дипломат ва сиёсатмадори бонуфузи Британияи Кабир, ки дар Ҳиндустон кор ва фаъолият мекард, мебошад.

Ӯ асаре дорад бо номи “Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод”. Асари мазкур ба афғонон, яъне паштунҳо бахшида шудааст, аммо дар таркибаш бахше дорад бо номи “Тоҷикон” ки оид ба расму русум, хислатҳои хуби башардӯстона, сулҳпарвар ва маорифпарвар будани тоҷикони муқими ин минтақа қисса мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки “Тоҷикон мардумоне сулҳҷӯ ва мутеи ҳукуматанд. Тоҷикон дар минтақа пеш аз вуруди дигар қавмҳо сокин будаанд ва омӯзгори маънавии қавмҳои гуногуни ин минтақа мебошанд. Дар касбу кор мумтозанд”. Яъне, тоҷикон аз он мардумоне ҳастанд, ки дар тӯли таърих маорифпарвар, илмдӯст ва доимо сулҳҷӯ буда, зиндагии осоиштаро пазиро буданд.

Бале, бо вуҷуди он, ки бисёре аз муҳаққиқони хориҷӣ хислати хуби башардӯстӣ, сулҳпарвар ва тамадунофарии мардуми тоҷикро борҳо дар корҳои илмиашон қайд кардаанд, бадбахтона, аввали солҳои 90 – уми асри гузашта бо сабабҳои обективӣ ва субективӣ ин миллати сулҳҷӯ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

 Хушбахтона, ҳар як кор ба худ ҳикмате дорад. Дар чунин вазъияти ҳассосе, ки метавонист Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн биравад, фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ватандӯсту масъулиятшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ба ҳамаи душвориҳое, ки дар он шабу рӯз ба амал омада буд, нигоҳ накарда, дар як муддати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилӣ хотима гузошт ва дар Ватани азизамон-Тоҷикистон сулҳу оромиро барқарор кард. Ва бо ин иқдом, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳпарвар будани ин миллатро исбот кард.

Хушбахтона, бо ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати амн ва сулҳпарвару сулҳдӯст мешиносанд. Ва ин буд, ки шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2004 бо ҷоизаи байналмилалии “Шаҳри Сулҳ” сарфароз гардид.

 Дар охир гуфтаниам, ҳодисаҳои ахире, ки дар ВМКБ рух дод, бори дигар моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, таҳти сиёсати хирадмандонаю сулҳдӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати софдилона Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем.

Дӯстиву бародарӣ ва ваҳдати сартосарии кишварамонро таҳким бахшида, нагузорем, ки хоинону душманон ва бадхоҳони миллат нақшаву ниятҳои нопоки хешро амалӣ гардонанд.

Қ. МАЛИКОВ н.и.с, дотсент,

Муҳаммадсафои И. муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top