ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИСТ

Бинанда: 570 | Санаи нашр: 07 Сентябр 2022

Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносно- маи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу ра- виши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату мил- латамонро бо набзи дунёи муо- сир ҳамсадо месозад. 31 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит месозад, ки дар ин давра кишвари мо ба комёбиҳои на- заррас ноил гаштааст.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебо- шад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Комёбии асосие, ки ба музаффарияти минбаъдаи Тоҷикистон боис гашт, ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин маънои онро дошт, ки Сарва- ри давлат баҳри барқарор на- мудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ваъдаи дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) додаи хеш дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вафо карданд.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардан ва навсозии сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ оғоз намуд. Аз соли 1994 ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шурӯъ намуд, ки он то имрӯз давом дорад.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаи дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳадафҳои дурна- мои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш рафта истодааст.

Мо ҳамагон шукрона кунем, ки имрӯз дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол умр ба сар бурда, кору фаъолият намуда истодаем. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, бо меҳнати софдилона Ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо та- моми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи ша- рафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 31 соли истиқлолият ҳамчун зинаҳои камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони Ватани азизи мо гардад.

Бойалӣ ҲУСЕНОВ,

аъзои Корвони сулҳу

ваҳдати Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top