Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати Рӯзи дониш

Бинанда: 555 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2022

Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи шуморо ба Рӯзи дониш самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва дар касбу коратон барору комёбӣ орзу менамоям.

Рӯзи дониш воқеан ҳам иди илму маърифат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз давлатдорию соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, ки рушди босуботи он пешрафту шукуфоии мамлакатро таъмин менамояд, ҷараён мегирад.

Ҳамкасбони гиромӣ! Тавре ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, “Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст”.

Дар ҳақиқат пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо профессорону омӯзгорони муҳтарамро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.

Ҳозирини гиромӣ, мусаллам аст, ки дар кишвари мо ҳар сол Рӯзи дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро сулҳ барои тамоми инсонияти тараққипарвар, бахусус, мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид, азизу муқаддас аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон нақш ва саҳми беандоза доранд, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд”.

Боварии комил дорам, ки шумо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ин ва дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми арзанда мегузоред.

Бори дигар Рӯзи донишро ба якояки шумо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз муборакбод мегӯям.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top