БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Бинанда: 952 | Санаи нашр: 23 Июн 2022

23-юми июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба 11 нафар хатмкардагони зинаи бакалавриат ва магистратураи донишгоҳ дипломҳои аъло супорида, ба онҳо роҳи сафед ва дар фаъолияти минбаъдаашон баҳри пешрафт ва рушду нумӯи Ватани маҳбубамон барору комёбиҳо орзу намуд.

Сипас аз ҷониби ректори донишгоҳ ба ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар вазъияти тантанавӣ диплому ифтихорномаҳо супорида, изҳори умед карда шуд, ки намояндагони донишгоҳ дар даврҳои минбаъдаи озмунҳои зикргардида низ ба дастовардҳои арзанда ноил мегарданд.

Ҳамчунин ба декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ Некрӯз Қудратов дипломи доктори илмҳои ҳуқуқ супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар баробари беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони баландихтисос ба ҳалли масъалаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи имрӯза бо пешниҳоди ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода ба беш аз 60 нафар омӯзгору корманди донишгоҳ барои барқарор намудани дар давраи рухсатии меҳнатӣ роҳхат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷудо шуда, бевосита ба 10 нафари онҳо сертификати қадрдонӣ бо роҳхат тақдим гардид.
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top