Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан

Бинанда: 2365 | Санаи нашр: 24 Июн 2022

24-уми июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он дар баробари омӯзгорону кормандони донишгоҳ муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурова Саодат Нусратуллоевна, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Қузибоева Зуҳро Садриддиновна, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сайфуллозода Диловаршо, мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Манучеҳр Сангов иштирок доштанд.

Чорабинии мазкурро Саймаҳмуд Саидов – муовини якум, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ кард ва доир ба аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ дар мустаҳкам шудани сулҳу субот, дӯстию бародарӣ ва пешрафту шукуфоии кишварамон маърӯза намуда, аз саҳми беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, афзудани обрӯю эътибори кишвари азизамон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту мустаҳкам гардонидани ваҳдати миллиро вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар донист.

Дар суханронии муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Шукурова қайд гардид, ки ҳамаи хушиву хурсандӣ, ҳаёти орому осоишта ва дастовардҳои Ватани маҳбубамон аз сулҳи пойдор ва ваҳдати саросарии кишвар сарчашма мегирад.

Аз ин рӯ, - гуфт ӯ, - ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободию шукуфоии ин сарзамин, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқонаю софдилона заҳмат кашида, ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва обрӯю нуфузашро дар арсаи байналмилалӣ баландтар бардорем. Корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни наврасону ҷавонон дуруст ба роҳ монем. Дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон калон аст ва боварӣ дорем, ки онҳо минбаъд низ фаъолияташонро дар ин самт хубтару беҳтар ба роҳ мемонанд,- гуфт дар хотимаи суханаш Саодат Шукурова.

Аъзои Корвони сулҳу ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи ваҳдат, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Бойалӣ Ҳусенов дар мавзӯи “Ваҳдат ганҷи миллат аст” ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии  донишгоҳ Ҷаъфар Неъмонов дар мавзӯи “Идеяи Ваҳдати миллӣ, пешомадҳо ва натоиҷи он” маърӯзаҳои пурмазмун карда,  бо мисолҳои мушаххас аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободию шукуфоии кишвар, ки натиҷаи ҷаҳду талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ҳарф зада, мустаҳкам гардонидани Ваҳдати миллиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд донистанд.

Дар хотимаи мизи мудаввар Саодат Шукурова аз номи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ба чанде аз омӯзгорони донишгоҳ барои дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, тарғибу ташвиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар таҳкими сулҳу суботи кишвар сипоснома тақдим намуд.

Барои ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ аз ҷониби раёсати ДДТТ ба Саодат Шукурова ва Зуҳро Қузибоева сипоснома тақдим карда шуд.

Мизи мудавварро Саймаҳмуд Саидов ҳусни анҷом бахшида, ба меҳмонон барои иштирок ва суханронӣ изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри пайдории сулҳу субот ва таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ равона месозанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top