ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Бинанда: 847 | Санаи нашр: 15 Июн 2022

Имрӯз (15.06.2022) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 маросими супоридани ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишҷӯёни зерини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойҳои ифтихориро сазовор гардида, ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд:

  1. Анваров Абубакр Алишерович – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 23010103 - Ташкили робитаҳои байналмилалӣ, ҷойи якум аз номинатсияи география.
  2. Раҳимзода Ҳабибулло Азизулло – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250103 – Иқтисоди ҷаҳон, ҷойи дуюм аз номинатсияи физика ва астрономия.
  3. Амонова Муҳайёхон Неъматҷоновна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250104 – Молия ва қарз, ҷойи сеюм аз номинатсияи математика.

Ҳамчунин омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, номзади илмҳои техникӣ Идиев Соҳибназар Боронович аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе супорида шуд.

Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ ғолибон, иштирокчиёни фаъоли озмун ва роҳбарони илмии онҳоро бо ин комёбӣ табрик намуда, дар таҳсил ва корҳои илмии минбаъдаашон барор мехоҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top