КОНФЕРЕНСИЯИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТОҶИРИ АҶАМ”

Бинанда: 686 | Санаи нашр: 14 Июн 2022

Имрӯз (14.06.2022) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи 7-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони ҷаласа – Ҳабибзода Зоир, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ҷӯрабек Муродов, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Абдураҳим Шоҳиён Маҳмадулло, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсиро хайрамақдам гуфта, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахусус, саҳми Раиси ҳизб, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафту тараққиёти мамлакат ва ободию шукуфоии он беназир арзёбӣ намуд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ Фитрат Рустамов дар бораи фаъолияти Кумита аз моҳи июни соли 2020 то июни соли 2022 гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” фаъолияти хешро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Ҳадафи асосии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” ин саъю талош намудан баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон, роҳандозӣ намудани мақсаду мароми оинномавию барномавии ҳизб, муттаҳидии ақлҳои солими ҷомеа бо роҳи таблиғи ҳадафмандона баҳри расидан ба идеологияи ягонаи миллӣ маҳсуб меёбад.

Қайд гардид, ки айни замон, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” 652 нафар аъзои ҳизб мутаҳид гардида, аз ин шумора 286 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 325 нафар кормандон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” ба сафи ҳизб қабул карда шуданд. Ҳолати номуайянии шумораи аъзои ҳизб тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба пуррагӣ бартараф гардидааст.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидои “Тоҷири Аҷам” пайваста дар чорабиниҳои дохили донишгоҳ ва дар сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҳиссаи арзандаи хешро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва рушду нумуи ватанамон мегузоранд. Инчунин дар донишгоҳ 2 участкаи интихоботӣ фаъолият менамояд, ки дар интихоботи Президентӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқ аъзоёни участка саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар донишгоҳ аз аъзоёни ин кумита 4 нафар ба ҳайси вакил фаъолият доранд ва дар ҳудуди ҳавзаҳои хеш дар корҳои ободонию созандагӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷониби вакилон дар ҷашну маросимҳо ба маъюбону камбизоатҳо кумакҳои яквақтаина моддию маънавӣ расонида мешавад.

Дар музокира аъзои фаъоли ҳизб Бойалӣ Ҳусейнов ва Гулиҷаҳон Ниёзбекова суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам”-ро қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар Конференсияи VII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” аз ҷониби аъзои ҳизб Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ҳайси раис ва Рустамов Фитрат Музаффарович муовини раиси кумита интихоб гардиданд.

Аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” ба конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар даҳаи сеюми моҳи июли соли ҷорӣ баргузор мегардад, 14 нафар вакил интихоб гардид.

Баъдан Ҳабибзода Зоир ва Абдураҳим Шоҳиён Маҳмадулло суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” аз ҷумлаи кумитаҳои фаъоли ноҳияи Фирдавсӣ ба шумор рафта, натанҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангию варзишӣ, балки дар ҳашару шанбегиҳои ноҳиявию шаҳрӣ низ фаъолона ширкат варзида, дар табдил додани Душанбешаҳр ба Шаҳри гулҳо ва Шаҳри сабз саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар рафти конференсия ба чанде аз омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Инчунин ба аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” - Хубони Сорбон, Ғафурзода Ҳамида, Амонов Саҳбон ва Бобоев Шараф сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуданд.

Барои ҳамкориҳои судманд аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба Ҳабибзода Зоир, Муродов Ҷӯрабек ва Абдураҳим Шоҳиён Маҳмадулло сипосномаҳои ДДТТ тақдим гардиданд.

Дар хотимаи ҷаласа ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба меҳмонон барои иштирок дар кори конференсия арзи сипос намуда, эшонро бовар кунонд, ки ҳизбиёни донишгоҳ минбаъд низ фаъолияташонро дар асоси Оинномаю Барномаи ҳизб ва дастуру ҳидоятҳои раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ дода, ҷашни бузургӣ миллӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top