Курси бозомӯзӣ

Бинанда: 652 | Санаи нашр: 13 Июн 2022

Беҳдошти сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳадафҳои муҳими раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ дар доираи лоиҳoҳои муштарак бо иштироки мутахассисони хориҷӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст.

Вобаста ба ин, соли ҷорӣ дар донишгоҳ курси бозомӯзӣ оид ба таҳлили оморӣ бо истифодаи барномаи STATA (Statistical Software for Data Science) дар доираи лоиҳаи “Таҳияи дастурамал оид ба гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастгирӣ ёфтааст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 56 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ду баст иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани ҷалби грантҳои хориҷӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки мутахассисони хориҷӣ саъю кӯшиш менамояд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top