Муаррифии барномаи магистрӣ дар доираи лоиҳаи MIETC

Бинанда: 662 | Санаи нашр: 08 Июн 2022

Санаи 07 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинар дар доираи лоиҳаи муштараки Erasmus+КА2 - MIETC “Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ дар мамлакатҳои иқтисодашон дар давраи гузариш” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаи магистрӣ дар самти идоракунии соҳибкории саноатӣ дар донишгоҳҳои ҳамкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар ин самт ба онҳо намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Испания, Италия ва Словения ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар семинари мазкур намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Испания ва Қазоқистон иштирок намуданд. Ба тариқи маҷозӣ дар семинар намояндагони донишгоҳҳои Италия, Словения ва Туркманистон низ ширкат намуданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ба муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зарурат ва аҳамияти таҳия ва татбиқи барномаи магистрии идоракунии соҳибкории саноатиро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Махсусан қайд гардид, ки мақсаду вазифаҳои лоиҳа бо ҳадафи навбатии стратегии ҷумҳурӣ, яъне саноатикунонии босуръати иқтисоди кишвар робитаи зич дошта, барои омода намудани мутахассисони ин соҳаи муҳим мусоидат хоҳад намуд.

Сипас ҳамоҳангози барнома аз донишгоҳ Заррина Қодирова оид ба муҳиммияти татбиқи бомуваффақияти лоиҳа ибрози ақида намуда, натиҷаҳои лоиҳаро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин иштирокчиёни лоиҳа аз донишгоҳҳои ҳамкор оид ба таҳия ва татбиқи барномаи таълимии магистрӣ ва инчунин раванди гузаштан аз аккредитатсия маърӯза намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top