Намоиши дастовардҳои экологӣ

Бинанда: 670 | Санаи нашр: 04 Июн 2022

3-юми июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии бо номи Абулқосими Фирдавсӣ” ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист намоиши дастовардҳои экологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ, томактабӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев фаъолона иштирок намуда, китобу дастурҳои таълимӣ ва дастовардҳои арзандаи самти ҳифзи муҳити зисти донишгоҳро ба маърази тамошо гузошта, сазовори баҳои баланди масъулини чорабинӣ гардиданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top