Рушди ҳамкориҳои судманд

Бинанда: 625 | Санаи нашр: 04 Июн 2022

Густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд ба ҳисоб рафта, донишгоҳ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ заминаи устувор мегузорад. Дар дурнамо, таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати ҳамкорӣ намудан дар доираи барномаҳои муштарак, аз ҷумла барномаи UniCEN (ҳамкории донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ) зоҳир мегардад.

Дар робита ба ин, санаи 3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҷалби ҳамкориҳои муштараки донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва устувории шабакаи фаромарзӣ” баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Мубин Абдувалиев ва мутахассис оид ба татбиқи лоиҳаҳои донишгоҳ Муҳаммадалӣ Эшов тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии конфронси мазкур татбиқ ва ҳамгиро намудани илм бо Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Миллали Муттаҳид, аз ҷумла паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳсилоти босифат, энергияи тоза ва дастрас, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, оби тоза ва санитария, шуғли пурмаҳсул, рушди устувори иқтисодӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.

Дар конфронс намояндагони донишгоҳҳои мухталифи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top