Ҷараёни омодагӣ ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Бинанда: 699 | Санаи нашр: 04 Июн 2022
 

Рӯзи 03 июни соли 2022 вохӯрии масъулини бахши илм ва инноватсияи донишгоҳ бо ғолибони даври донишгоҳӣ ва иштирокчиёни даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов зимни суҳбат қайд намуд, ки дар даври якуми озмун (даври донишгоҳӣ) 259 нафар, аз он ҷумла 242 нафар донишҷӯ ва 17 нафар омӯзгор иштирок намуда, 13 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Тибқи натиҷаҳои пешакии даври дуюм – даври ноҳиявии озмуни мазкур 4 нафар, аз он ҷумла 3 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгори донишгоҳ ғолиб омада, ба даври сеюм – даврии шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки иштирокчиёни даври шаҳрӣ бояд боз ҳам ба он тайёрии ҷиддӣ бинанд ва раёсати донишгоҳ ғолибони озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”-ро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳавасманд хоҳад намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиёни фаъоли озмун фикру андеша ва таассуроти хешро ба ҳозирин ва намояндагони васоити ахбори омма иброз намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top