Муаррифии барномаи магистрӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Бинанда: 701 | Санаи нашр: 04 Июн 2022

Санаи 30.05.2022 дар шаҳри Карағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи лоиҳаи MIETC - «Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи менеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар давраи гузариш» муаррифии барномаи магистрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Италия, Испания ва дигарон иштирок намуданд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Заррина Ҳалимовна, сардори Раёсати илм ва инноватсия дотсент, Ҳамитов Муҳитдин Сайдалиевич ва мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим дотсент Мараимов Баҳром Мирзоевич намояндагӣ намуданд. Профессор Қодирова Заррина Ҳалимовна дар вохӯрии мазкур, ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳа, баромад намуда, имкониятҳо ва иқтидори кадрии донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро барои ҷорӣ намудани барномаи магистрии менеҷменти соҳибкории саноатӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки донишгоҳ яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии инноватсионии кишвар ба шумор рафта, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар зинаи магистратура таҷрибаи ғанӣ дорад.

 

Ҳамзамон, санаи 31.05.2022 дар доираи лоиҳаи MIETC конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дурнамо ва имкониятҳои иқтисодиёти муосир дар шароити ҳамгироии илм, таҳсилот ва бизнес” баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсия донишгоҳ дотсент Ҳамитов Муҳитдин Сайдалиевич бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Муаммоҳои ҳамгироии илм, таҳсилот ва бизнес дар замони муосир” баромад намуда, қайд намуданд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии низоми Тоҷикматлубот дар давоми фаъолияти 35 солаи худ дар бозори хизматрасонии таҳсилотӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти кишвар бо роҳи ҳамгироии илм, таҳсилот ва бизнес саҳми арзанда дорад. Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва ҷамъбасти конференсия Мараимов Баҳром Мирзоевич баромад намуда, фикру андешаи хешро ҷиҳати таъсири самаранокии ҳамгироии илм, таҳсилот ва амалия ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ иброз намуд.

Рӯзҳои 02-03 июни соли ҷорӣ чунин чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии техникии Қазоқистони Шарқӣ (шаҳри Уст-Каменогорск) баргузор гардиданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои 06-07 июн вохӯрии аъзои консорсиуми лоиҳа дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top