САД РАНГИ ЧАКАН

Бинанда: 746 | Санаи нашр: 31 Май 2022

30-юми майи соли равон дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахт ба ифтихори 25-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он як гурӯҳ донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо пӯшидани либоси миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар доираи барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз суруду таронаҳо дар ситоиши Ватан, Модар, Ваҳдати миллӣ, ҷавонӣ ва рақсҳои ҷолиб иборат буд, либоси миллии тоҷикиро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуда, сазовори баҳои арзанда гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинии идона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи либосу арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон  ва муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top