Чораҳои пешгирии воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва одамрабоӣ

Бинанда: 692 | Санаи нашр: 27 Май 2022

27-уми майи соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои  шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати маркази муқовимат ва савдои одамони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник  Шоҳимардонзода Собирҷон Раҳматулло, ва ёвари сардори раёсати зикршуда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бухоризода Беҳрӯз Рустам дар мавзӯи  “Чораҳои пешгирии воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва одамрабоӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Дилоев Н.Ф. оғоз намуда, меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва доир ба мавзӯи зикршуда ибрози андеша кард.

Сипас Собирҷон Шоҳимардонзода ва Беҳрӯз Бухоризода андешаҳои хешро перомуни мавзӯи матраҳгардида, ба мисли пешгирии воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва одамрабоӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ва дарҷ кардани корҳои тавзеҳотӣ  бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баён намуда, ба суолҳои аҳли толор посух гуфтанд ва аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри аз байн бурдани ин амалҳои  номатлуб бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ Собирҷон Шоҳимардонзода барои ҳамкориҳои судманд ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шамс Ниёзов ва муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Навои Бердӣ сипоснома тақдим намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top